Як марди 65 сола рӯзи якшанбе дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ба нишонаи эътироз худро оташ зад ва баъдтар дар бемористон даргузашт. Мақомоти Қирғизистон рӯзи душанбе ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфтаанд, ин мард пеш аз оташ задани худ номае гузоштааст ва дар он гуфтааст, ки “шаҳрвандон бояд ба эътирозҳои мунтазами худ” хотима диҳанд ва ба раҳбарияти кишвару мухолифон эҳтироми яксон қоил шаванд. Ҳафтаи гузашта дар интихоботи Шӯрои шаҳрӣ яке аз наздикони Мелис Мизахметов-иҷрокунандаи мақоми шаҳрдори Ӯш раиси Шӯрои шаҳрӣ интихоб шуд. Ин кор мавқеи Мирзахметовро таҳким бахшид, зеро ба Шӯрои шаҳрӣ раиси чанд ноҳияи шаҳр низ дохил мешавад. Баъд аз муноқишаҳои маргбори миёни қирғизҳо ва узбакҳо дар моҳи июни соли 2010 ҳукумати Қирғизистон талош дорад, Мизахметовро аз мақом барканор кунад. Вале аз ҳамон рӯзҳо то ба ҳол ҳар вақт ҷонибдорони вай тазоҳуроти эътирозӣ барпо ва аз вай дифоъ мекунанд.