Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ҳамлаварони зидди танзҳо ба паёмбар Муҳаммад


Дар Дания муҳокимаи чаҳор нафаре сар шуд, ки бо эътироз аз чопи карикатураҳои паёмбар Муҳаммад ба рӯзномаи “Ҷилландс-Постен” ҳамла кардаанд. Се шаҳрванди Шведсия ва як тунисӣ ба терроризм ва нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ айбдор мешаванд, вале дар нахустин ҷаласаи додгоҳ гуфтанд, гуноҳе надоранд. Ин дар ҳолест, ки ҳамаи онҳо моҳи декабри соли 2010, ҳангоми ҳамла ва тирандозӣ ба идораи нашрияе боздошт шудаанд, ки бо чопи 12 танз ба паёмбар Муҳаммад дар соли 2005 ошӯбҳоеро дар кишварҳои мусулмон бапо карда буд.
XS
SM
MD
LG