Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия оташбас ҷорӣ шуд


Биноҳои валангор дар шаҳри Ҳумси Сурия
Биноҳои валангор дар шаҳри Ҳумси Сурия
Рӯзи панҷшанбе дар Сурия оташбаси зери назари СММ ба ҳукми иҷро даромад ва тибқи ахбори расида, ба истинои баъзе нуқсҳои хурду реза қатъи оташ ба ваҷҳи умум иҷро мешуд.
Интизорот аз ин оташбас бузург нест, зеро муқовимати 11-моҳаи мухолифин бо режими Башор ал-Асад ҳаёти беш аз 9 ҳазор нафарро аз байн бурдааст.
Бар пояи барномаи зери назари СММ бо оғози оташбас дар ин кишвар нозирон мустақар шуда, мухолифин бо ҳукумати Асад давраи гузариши сиёсиро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG