Ҳушдори тсунамӣ, ки дар пайи ду заминларзаи шадиди 8,6 ва 8,2-баллии субҳи имрӯз дар ҷазираи Ачеҳи Индонезия эълон шуд, лағв шудааст. Дар пайи ин офоти табиӣ мардум ба таҳлука уфтода, аз соҳил ба теппаҳо паноҳ бурданд. Ҳинд низ аз хатари тсунамӣ ҳушдор дода буд. Ҳавзаи уқёнуси Ҳинд як минтақаи пуртсунамӣ маҳсуб шуда, соли 2004 бар асари тсунамӣ дар Ачеҳ 170 000 нафар ҳалок шуд. Ҷамъи қурбониёни он офат дар 13 кишвари минтақа ба 230 000 нафар расида буд.