Хушунатҳо дар Сурия имрӯз низ идома дошт. Ин дар ҳолест ки тибқи тарҳи Куфӣ Аннон, нирӯҳои Сурия бояд имрӯз ба хуруҷ аз шаҳрҳо шурӯъ карда, то рӯзи панҷшанбе шароити оташбас фароҳам шавад. Аммо ба гуфтаи фаъолон, нирӯҳои давлатӣ рӯзи сешанбе шаҳрҳои Ҳамо ва Ҳумсро тирборон карда, силоҳбадастони ношинос дар Ҳасака 6 сарбозро куштаанд. Вазири хориҷаи Сурия Валид Муаллим зимни боздидаш аз Русия гуфт, бархе нирӯҳоро аз бархе манотиқ берун кашида, шуморе аз боздоштшудагонро ҳам раҳо кардаанд. Вазиир хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Дмишқ бояд дар иҷрои тарҳи сулҳ “қотеътар” бошад.