Ҳудуди 5000 нафар имрӯз дар шаҳри Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон бо талаби истеъфои ҳукумати ин кишвар раҳпаймоӣ карданд. Тазоҳургарон шиорҳоеро баланд карда буданд, ки давлатро ба иҷро накардани ваъдаҳояш ҷиҳати ироаи қарзҳои боимтиёз ба кишоварзон ва беҳбуди вазъи иқтисодӣ айбдор мекарданд. Раҳбарони ҳизби мухолифи Ота-Журт, ки мавқеъи раҳбарӣ дар эътилофи ҳокимро баъди пирӯзии Алмосбек Отамбоев дар интихоботи ахир бохтанд, низ дар назди аҳли гирдиҳамоии Ҷалолобод суханронӣ карданд.