Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин: "Муҳаммадия дигар масҷиди ҷомеъ набошад"


Кумитаи дини Тоҷикистон масҷиди “Муҳаммадия”-ро ба беитоатӣ ба қонунҳои Тоҷикистон айбдор намуда аз додгоҳи ноҳияи Ваҳдат ва талаб кардааст, ки фаъолияти онро ҳамчун масҷиди «ҷомеъ» комилан қатъ кунанд. Тибқи иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи 16-уми апрел нахустин мурофиаи додгоҳӣ дар додгоҳи ноҳия Ваҳдат баргузор хоҳад шуд. Кумитаи дин мегӯяд, ки дар зарфи ин се моҳ масъулини «Муҳаммадия» на танҳо камбудиҳои дар огаҳии ин кумита ҷой доштаро ислоҳ накарданд, балки пайваста дар намозҳо имоматӣ карданд, дар ҳоле, ки имоматии онҳо дар ин муддат мамнӯъ буд. Масъулини масҷиди "Муҳаммадия" мегӯянд, ки додгоҳи ноҳияи Ваҳдат аз онҳо тақозо кардааст, ки санадҳои худро барои додгоҳ пешниҳод кунанд. Маҳмудҷон Тураҷонзода аз масъулини ин масҷид гуфт, ки онҳо феълан санадҳоро омӯхта ва далелҳои худро барои зарурати боқӣ мондани ин масҷид ҳамчун масҷиди ҷомеъ пешниҳод хоҳанд кард. Кумитаи дини Тоҷикистон дар моҳи декабри соли гузашта ба далели баргузории маросими «Ошӯро», адои намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия"-ро барои се моҳ мутаваққиф карда буд.
XS
SM
MD
LG