Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Леонид Тибилов президенти Осетияи Ҷанубӣ эълон шуд


Раиси собиқи КГБ-и Осетияи Ҷанубӣ барандаи интихоботи президентии ин ҷумҳурии ҷудоиталаби Гурҷистон эълон шуд. Комиссиюни интихоботӣ гуфт, ки баъди ҳисоби ҳама овозҳо, Леонид Тибилов бо 54,12 овоз ғолиби интихоботи рӯзи якшанбе эълон шуд. Рақиби Тибилов комиссионери ҳуқуқи башар Давед Санакоев 42,65 дар сади овозҳоро соҳиб шуд. Додгоҳи олӣ натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи ноябри порсолро баъди он ғайришаръӣ эълон кард, ки раҳбари мухолифин номзади президентӣ Алла Ҷиоева дар ин раъйдиҳӣ пирӯз шуд. Додгоҳ инчунин Ҷоеваро аз ҳақи ширкат дар интихобот маҳрум кард. Дар оғози солҳои 1990-ум Осетияи Ҷанубӣ, мисли Абхозистон истиқлолияти худро эълон кард ва баъди ҷанги миёни Гурҷистону Русия августи соли 2008 Маскав истиқлолияти ин ду ҷумҳуриро ба расмият шинохт. Вале аксари ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамоно ин ҷумҳуриҳоро чун бахше аз Гурҷистон арзёбӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG