Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти "дӯстона"-и раҳбарони Ҳинду Покистон


Осиф Алӣ Зардорӣ ва Манмуҳон Сингҳ
Осиф Алӣ Зардорӣ ва Манмуҳон Сингҳ
Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон ва Манмуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳиндустон рӯзи якшанбе дар мулоқоти худ ба тавофуқ расиданд, ки ин ду кишвари ҳамсоя қадам ба қадам ихтилофоти худро бартараф хоҳанд кард. Ин ду раҳбар изҳор доштанд, ки мулоқоти онҳо дӯстона ва созанда будааст.

Манмуҳон Сингҳ гуфт, ки вай дархости Осиф Алӣ Зардориро дар бораи боздид аз Покистон пазируфтааст. Зардорӣ барои боздиди ғайрирасмӣ ба Ҳиндустон рафт ва ин нахустин боздиди раҳбари давлати Покистон дар 7 соли ахир аз Ҳиндустон ба шумор меравад.

Бо вуҷуди ин ки мақомоти расмӣ боздиди Зардориро боздиди “хусусӣ” арзёбӣ мекунанд, вале ин боздид умедҳоро барои аз миён бардоштани мушкилиҳо дар муносиботи сарди ду кишвар дар зеҳнҳо зинда кардааст. То ҳол ташуннуҷ дар муносиботи миёни ду кишвар бар сари минтақаи баҳсбарангези Кашмир ва фаъолияти шӯришиёни Покистон бар зидди Ҳиндустон боқӣ мондааст.

Нозирон баъд аз боздиди Зардорӣ аз Ҳиндустон ба беҳбуди муносиботи ду кишвар чандон хушбин нестанд.
XS
SM
MD
LG