Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Партоби ду мушак аз Ғазза ба Исроил


Ду мушаки партобшуда аз Навори Ғазза имрӯз ба ҷануби Исроил бархӯрда, вале ба ҷое осеб нарасонидаанд. Мушакандозӣ аз Ғазза баъди он сурат гирифт, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини Исроил бо партоби мушаке ду фаластиниро дар Ғазза маҷрӯҳ кард. Ба гуфтаи Исроил, ин ду нафар мехостанд, ба Исроил мушак партоб кунанд. Моҳи гузашта баъди қатли Зуҳар ал-Қайсӣ, раҳбари Гурӯҳи муқовимати мардумӣ дар Ғазза, ду тараф ба мушакандозӣ шурӯъ карданд.
XS
SM
MD
LG