Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Freedom House бо Юлия Тимошенко дар зиндон мулоқот хоҳанд кард


Мақомоти украинӣ ба нахуствазири собиқи зиндонӣ Юлия Тимошенко иҷоза доданд, ки бо намояндагони созмони амрикоии мудефеи демократия Хонаи Озодӣ (Freedom House) мулоқот кунад. Мақомоти минтақаи шарқии Харков, ки дар зиндони он Юлия Тимошенко мӯҳлати ҳафтсолаи зиндонро пушти сар мекунад, гуфтанд, ки интизор аст, намояндагони созмони Хонаи Озодӣ бо Тимошенко рӯзи чоршанбе мулоқот кунанд. Рӯзи сешанбе ин гурӯҳ бо вазири собиқи умури дохила Юрий Лутсенко дар боздоштгоҳи Киев мулоқот карданд. Вазири собиқ бо иттиҳоми берун рафтан аз салоҳият ва иттиҳоми ғорати амволи давлатӣ ба чор соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ҷараёни додгоҳ ҳам Тимошенко ва ҳам Лутсенко ба бегуноҳии худ исрор варзиданд. Ҳукми зиндони онҳоро Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА чун дорои ангезаи сиёсӣ маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG