Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 чирикӣ дар Ингушистону Доғистон


Дар даргириҳо дар минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолии Русия 8 чирикӣ ва 1 сарбоз кушта шуданд. Дар Назран – пойтахти Ингушистон 5 чирикиро ба ҳалокат расонданд. Дар набарди дигар дар ҷангале дар атрофи рустои Какиркент дар Доғистон 3 чирикӣ ва як сарбоз ҷон бохтаанд. Маскав чанд сол боз талош дорад муқовимати чирикиҳои исломиро дар Қафқози шимолӣ фурӯ нишонад. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҷунбиши ҷудоихоҳӣ дар ин минтақаро умдатарин мушкили амниятии дохилии кишвараш ном бурдааст.
XS
SM
MD
LG