Мақомоти Русия дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи сӯхтори пурқурбонӣ дар бозори канори шоҳроҳи Варшаваи шаҳри Маскав ду нафар – мудири бозори Качалово Владимир Ликов ва иҷорагири амбори оташгирифта Седрак Степанянро боздошт кардаанд. Дар натиҷаи ин сӯхтор 17 нафар ҷон бохт, ки 11 нафараш шаҳрвандони тоҷиктабори вилояти Сурхондарёи Узбакистон будаанд. Қаблан гуфта мешуд, ки қурбониёни ин фалокат атбоъи Тоҷикистонанд, вале Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон баъдан гуфт, дар ин ҳодиса ягон шаҳрванди тоҷик осеб надидааст.