Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 миллион сомонӣ барои мубориза бо малах


Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон
Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон
Тоҷикистон барои мубориза бо малах барои соли ҷорӣ 5 миллиону 500 сомонӣ ихтисос додааст. Нарзуллоҳ Додобоев, сухангӯи вазорати кишоварзӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи мушоҳидаҳо феълан хуруҷи малах дар ҳудуди 170 ҳазор гектар киштзор ва чарогоҳҳои кишвар дар назар аст. Ба қавли ӯ, дар ҷаласаи нахустини ситоди мубориза бо малах, ки дар вазорати кишварзии Тоҷикистон баргузор шуд, таъкид гардид, ки агар дар соли гузашта аз хуруҷи саросарии малах дар манотиқи кишвар ҷилавгирӣ намешуд, зиёнион ҳудуди 100 миллион сомониро ташкил медод. Ҷаноби Дадабоев, афзуд ин рақам хулосаи гурӯҳи донишмондони бахши кишоварзӣ аст, ки бо манзури таҳқиқ ва натиҷагирӣ моҳи ноябри соли гузашта таъсис шуда ва тӯли чанд моҳ дар манотиқи кишвар ташхис гузаронидаанд. Ба гуфтаи вай, дар робита ба вазъи пешомада созмони байналмилалии FAO чанд сол аст, ки ба Тоҷикистон дар мубориза бо малах кӯмак мекунад ва соли ҷорӣ низ ба маблағи 500 ҳазор доллар таҷҳизот ва доруворӣ харидорӣ карда ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон гузоштааст. Соли гузаштаи 2011 ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди малах 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ихтисос дода буд.
XS
SM
MD
LG