Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон хостори таҳқиқи фарогиру одилона ва мустақилонаи мавридҳои шиканҷа дар қиболи Искандархон Муртазоев, Бахтовар Қаҳҳоров ва Умедҷон Мирзоев шудааст. Мурофиаи ин афроди ҳанӯз моҳи ноябр бо иттиҳоми дуздӣ боздоштшуда рӯзи 27 март дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе доир шудааст. Ҳарсе дар додгоҳ гуфтаанд, ки эътирофи гуноҳро аз онҳо бо истифода аз шиканҷа, аз ҷумла бо латукӯб ва мондани нирӯи барқ ба даст овардаанд.