Ҳусейн Ал-Шаҳристонӣ, муовини нахуствазири Ироқ, аз давлати Қатар хостааст, то муовини собиқи раиси ҷумҳурро, ки ба терроризм муттаҳам мешавад, ба давлати Ироқ бисупорад. Ӯ гуфтааст, мизбонии Тариқ Ал Ҳошимӣ дар Қатар, “ғайриқобили қабул” аст. Тариқ Ҳошимӣ аз суннимазҳабони Ироқ баландтарин мақоми сунниҳо дар ҳукумат буд. Паноҳ бурдани ӯ дар Қатар, ки ҳукумати он ҳам суннӣ аст, метавонад танишҳо миёни шоҳигариҳои суннимазҳаб дар Халиҷи Форс ва ҳукумати шиъаҳои Ироқро бештар кунад. Ҳукумати Ироқ Тариқ Ҳошимиро ба раҳбарии як гурӯҳе муттаҳам мекунад, ки шиъамазҳабонро дар Ироқ мекушт. Тариқ Ҳошимӣ аввал ба Курдистони Ироқ гурехта сипас ба Қатар рафтааст, ки дар онҷо ӯро яке аз аъзои хонаводаи салтанатии Қатар пешвоз гирифтааст.