Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба сарбозони Покистон


Мақомоти Покистон мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб ба посгоҳе дар наздикии марз бо Афғонистон ҳамла карда ва дасти кам чаҳор сарбози покистониро куштанд. Ба гуфтаи сухангӯи нерӯҳои ҷабҳаи марзии Покистон, ҳамла дар минтақаи қабоилнишини Мӯҳманд ба вуқӯъ пайвастааст. Сарбозон бо тӯпхона ва аслиҳаи вазнин ба ҷангҷӯёни толиб муқовимат карда ва ба гуфтаи мақомот 15 нафари онҳоро куштаанд. Минтақаи Мӯҳмандро яке аз паногоҳҳои амни Толибон ва созмонҳои шарики Ал-Қоида дар Покистон медонанд.
XS
SM
MD
LG