Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Сурия дар Шӯрои Амният арзёбӣ мешавад


Қарор аст, имрӯз Кофӣ Анон, фиристодаи вижаи Созмони Милал, доир ба иҷрои барномаи сулҳи Сурия ба Шӯрои Амният гузориш диҳад. Бар асоси ин барнома ҳукумати Сурия, бояд ҷанг бо мухолифинро бас карда, нерӯҳояшро аз шаҳрҳои кишвар берун кашад, шароитро барои интиқоли кӯмакҳои башарӣ ба мӯҳтоҷон фароҳам кунад. Ҳукумати Сурия бо вуҷуди пазируфтани барнома, ҳанӯз талаботи онро иҷро накардааст. Гурӯҳи мавсум ба “Дӯстони Сурия” рӯзи якшанбе дар шаҳри Истанбул аз Кофӣ Анон хостанд, дар сурати ба аҳдояш вафо накардани Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, иқдомоти баъдӣ алайҳи ӯро баррасӣ кунад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Сурия гуфт, кишвараш мухолифони давлати Сурияро бо таҷҳизоти мухобиротӣ таъмин хоҳад кард, то бо ҷаҳони берунӣ иртибот дошта бошанд ва аз ҳамлаҳои нерӯҳои давлатӣ дар амон бимонанд. Бештар аз 80 кишвари ҳозир дар нишасти Истанбул, Шӯрои Миллии Сурияро ба ҳайси намояндаи қонунии мардуми ин кишвар эътироф карданд.
XS
SM
MD
LG