Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Миллӣ намояндаи қонунии Сурия эълон шуд


Ҳамоиши “Дӯстони Сурия” дар Истанбул Шӯрои Миллии Сурияро ба ҳайси намояндаи қонунии ҳамаи мардуми Сурия расман эътироф кард. Дар ин нишаст намояндагони зиёда аз 60 давлати ғарбӣ ва арабӣ ширкат дошта, Русия, Чин ва Эрон аз он канораҷӯӣ карданд. Раҳбари мухолифон Бурҳон Ғалюнӣ гуфт, аз ин баб баъд Шӯрои Миллии Сурия ба ҳамаи шӯришиёне, ки зидди режими Башор Асад меҷанганд, музди моҳона хоҳад пардохт. Вай гуфт, чунин музд ба ҳамаи афсарон, сарбозон ва аъзои дигари Артиши Озоди Сурия дода хоҳад шуд. Дар дувумин дар ҳамоиши “Дӯстони Сурия” дар Истамбул вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон гуфт, режими Сурия, тарҳи сулҳи Созмони Милал ва Лигаи Арабро нодида гирифтааст
XS
SM
MD
LG