Тибқи иттилои Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, марҳалаи бозсанҷиши имомхатибон дар нимаи аввали моҳи оянда доир хоҳад шуд.
Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ҳадаф аз баргузории ин санҷиш, муайян кардани сатҳи саводу дониши диниву дунявӣ, таҷриба ва малакаи онҳо, ҷаҳонбинӣ ва таърихии имомхатибон ва номзадҳо ба ин вазифа аст.
Зеро мегӯяд ин масъули Кумитаи дин, имомхатибон аз минбари масоҷид дар ҳузури мардумони зиёд сӯҳбат мекунанд ва онҳо бояд соҳиби маълумот ва огаҳӣ бошанд.
Зимнан ин шумора аз имомхатибон соли гузашта дар санҷиши комиссиюни вижа муваффақ нашуданд ва барои «ислоҳ»-и онҳо фурсат таъйин шуда буд.
Ба иттиллои муовини раиси Кумитаи умури дин санҷиши имомхатибони масҷидҳои панҷвақта тавассути комиссияи дар сатҳи маҳал, вале масоҷиди ҷомеъ бо ширкати намояндаи ин Кумита баргузор мешавад.
Лозим ба зикр аст, ки дар соли 2011 дар ҷараёни баргузории санҷиши 3 356 имомхатибон, 106 нафари онҳо аз ин санҷишҳо нагузашта буданд ва барои ин сесад нафар фурсати ислоҳ дода шуда буд.
Феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 4 000 масҷиди марказиву ҷомеъ ва панҷвақта амал мекунад ва кумитаи дин, тибқи қонуни ахири дин, ҳаққ дорад, онҳоеро, ки аз санҷиш намегузаранд, сабукдӯш кунад.