Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА-ро хабарнигорони рус шигифтзада карданд


Майкл Макфаул, сафири Амрико дар Маскав, изҳори тааҷҷуб кардааст, ки чӣ гуна матбуоти Русия аз ҳама барномаҳои ӯ огаҳ мешаванд. Дипломати амрикоӣ дар саҳифаи худ дар "Твиттер" навиштааст, ҳар ҷое, ки наравад, хабарнигорони телевизиони НТВ-ро мебинад. Майк Макфаул бо тааҷҷуб навиштааст, ба ин хабарнигорон, кӣ барномаи кории ӯро медиҳад ва чӣ қонуне ба онҳо чунин корро иҷоза додааст. Лев Пономарёв, як фаъоли ҳуқуқи башари Русия гуфт, вақте сафири Амрико рӯзи панҷшанбе ба созмони онҳо омад, дар назди дар як гурӯҳ, ки либоси казакҳоро ба бар доштанд, худро хабарнигор муаррифӣ намуда ва сафирро 20 дақиқа суолпеч карданд. Майкл Макфаул аз хабарнигорон пурсид, ки чӣ гуна аз омадани ӯ ба инҷо хабардор шуданд, вале ҳеҷ посухе нагирифт.
XS
SM
MD
LG