Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Эрону ҷомеаи ҷаҳонӣ бар сари барномаи ҳастаӣ моҳи апрел барпо мешавад


Вазири хориҷаи Эрон гуфт, ки интизор аст рӯзи 13 апрел музокираҳои ба дарозокашидашудаи Теҳрону қудратҳои ҷаҳонӣ аз сар гирифта шавад. Алиакбари Солеҳӣ ин санаро зимни пешвози Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Теҳрон, ки бо як сафари дурӯза вориди пойтахти Ҷумҳурии Исломӣ шудааст, ёд кард. Солеҳӣ афзуд, ки маҳалли баргузории нишаст баъдан эълон хоҳад шуд. Музокироти ахир, ки шикаст хӯрд, январи соли 2011 дар Истамбул барпо шуда буд. Гуфтугӯҳо барои коҳиши танишҳо дар атрофи барномаи ҳастаии Эрон нигаронида шудааст. Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ҳадафи баррасии барномаи ҳастаии Эрон ва вазъи Сурия ва бо нияти дидору гуфтугӯҳо бо президент Маҳмуди Аҳмадинажод ва раиси парлумон Алии Лориҷонӣ имрӯз вориди Теҳрон шуд.
XS
SM
MD
LG