Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳуров хостори робитаи парлумонӣ бо Афғонистон шуд


Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории Шӯрои Ассамблеяи байни парлумонии кишварҳои узви ИДМ дар Алмаато, бо раиси парлумони Афғонистон Абдурауф Иброҳимӣ мулоқот анҷом додааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ҷаноби Зуҳуров таъкид намудааст, ки Тоҷикистон аз мавқеи ин кишвари дӯсту ҳамсоя дар ҳамаи созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон афзуд, раиси парлумони Афғонистон аз иқдомоти ҷониби Тоҷикистон барои кӯмаку мусоидат дар сулҳу субот ва рушди иқтисодии ин кишвар изҳори сипос кардааст.

Мавзӯъҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз масъалаҳои дигари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Абдурауф Иброҳимӣ буданд.

Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин бо раиси парлумони Қирғизистон А.Ш Жээнбеков, раиси Сенати парлумони Қазоқистон К. А. Мами ва раиси Кумита оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Думаи Давлатии Русия Л. Слутский мулоқот анҷом додааст.

Сухангӯи МН Тоҷикистон гуфт, ки Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни мулоқотҳо, масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон Тоҷикистон ва парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ-ро муҳим шумурда, фаъол намудани кори гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, густариши муносибот дар заминаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, захираҳои обӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, варзишу туризм ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ таъкид намудааст.
XS
SM
MD
LG