Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори маркази ҳавосанҷӣ аз резиши тарма


Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон аз фуруд омадани тарма дар навоҳии кӯҳистонии кишвар ҳушдор медиҳад.
Ҷамила Байдуллоева, масъули марказ ба РО гуфт, бахусус аз 29 март то 1 апрел дар нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор (Варзоб, Ҳушёрӣ, Майхӯра, Анзоб), Шаҳристон, навоҳии тобеи марказ ва ғарби Бадахшон имкони бештари фуруд омадани тарма вуҷуд дорад.
Бино ба маълумоти расмӣ, то ба ҳол бар асари тармафароӣ роҳҳои Душанбе— Хоруғ, Хоруғ — Мурғоб ва ағбаи Хобуработ баста мондаанд. Ҳаракат дар масири Душанбе — Хуҷанд пурра ба роҳ монда шудааст.
XS
SM
MD
LG