Ширкати мошинсозии BMW гуфт, тақрибан 1 миллиону 300 ҳазор мошинро бинобар мушкилот дар аккумуляторҳои онҳо барои таъмир бозпас мехонад. Ба гуфтаи ширкат, аккумуляторҳои ин мошинҳо дар баъзе ҳолатҳо оташ мегирифтаанд. Ширкат гуфт, мошинҳои модели 5 ва 6-и BMW сохти солҳои 2003 то 2010 барои таъмир фаро хонда мешаванд ва таъмири онҳо на камтар аз якуним соат мегирад ва мошинҳоро ҳам ройгон таъмир хоҳанд кард.