Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод дигарбора Амрикоро танқид кард


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, зимни суханронӣ дар як нишасти минтақавӣ, сиёсати Амрико дар Афғонистонро сарчашмаи тамоми мушкилоти ин кишвар хонд. Баъди оғози ин суханронӣ дар шаҳри Душанбе, ҳайъати Амрико толори нишастро тарк кард. Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, Амрико бо баҳонаи мубориза алайҳи терроризм дар соли 2001 ба Афғонистон омад ва бо ҳамин баҳона ҳоло мехоҳад тамоми минтақаро муҳосира кунад. Дар нишасти шаҳри Душанбе раиси ҷумҳурони Афғонистону Покистон ва мақомоти баландпояи кишварҳои ҳамсоя ширкат доштанд. Ҳайъати Амрикоро Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ раҳбарӣ мекард. Ҳадаф аз ин нишаст кӯмак дар бозсозии Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG