Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тазоҳургарон дар зодгоҳи Путин


Пулиси Русия 40 нафарро, ки мехостанд, баъди тазоҳуроти тарафдорони мухолифини давлат, дар хиёбони асосии Санкт Петербург раҳпаймоӣ кунанд, дастгир кард. Чандсад нафар рӯзи якшанбе дар тазоҳуроте дар ин шаҳр алайҳи Владимир Путин, нахуствазири Русия эътироз карданд, ки моҳи май даври шашсолаи раёсати ҷумҳуриашро оғоз мекунад. Ин тазоҳургарон “Путини дузд” ва “Русияи бе Путин” шиор медоданд, ки аз шиорҳои асосии мухолифони давлат дар тазоҳуротҳои пешин буд. Дар шаҳри Маскав низ маъмурони пулис 30 тарафдори мухолифинро дар Майдони Сурх дастгир карда ва нагузоштаанд, то онҳо тазоҳурот барпо кунанд.
XS
SM
MD
LG