Интизор меравад, ки ҳафтаи оянда Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазири Покистон дар ҳошияи мулоқоти раҳбарон роҷеъ ба амнияти ҳастаӣ бо Барак Обама–раиси ҷумҳури Амрико мулоқот кунад. Мулоқоти раҳбарон дар Сеул-пойтахти Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад. Баъд аз куштори Усома Бен Лоден дар авоили моҳи маи соли гузашта бори аввал нахуствазири Покистон ва раиси ҷумҳури Амрико бо ҳам мулоқот мекунанд. Муносиботи Покистону Амрико баъд аз ҳамлаи ҳавоии нируҳои Амрико ва кушта шудани 24 сарбози артиши Покистон сард шуда буд. Сипас Покистон роҳҳои икмолотии нируҳои байналмиллалӣ тавассути кишвараш ба Афғонистонро баст. Интизор меравад, ки раҳбарон дар Сеул амнияти аслиҳаи ҳастаиро баррасӣ кунанд, зеро бими он меравад, ки ин аслиҳа аз роҳҳои қочоқӣ дастраси террористҳо шавад.