Вазири умури дохилии Фаронса Пйер-Ҳенрӣ Брандет гуфт, таркише, ки шаб дар назди манзили қотиле, ки ба куштори ҳафт нафар иқрор кардааст, барои тарс додани ӯ буд, на аломати оғози ҳамла ба манзилаш. Тирандози 24-сола, фаронсавии алҷазоиртабор, ки Муҳаммад Мераҳ ном доштааст, зиёда аз як шабонарӯз дар сангари рӯёрӯӣ бо нерӯҳои полис қарор дорад. Вай як дафъа розӣ шуд, ки худро ба полис таслим кунад, аммо сипас, ақидаашро тағйир дод. Мераҳ дар гуфтугӯ бо музокиракунандаи фаронсавӣ иқрор кард, ки ба тирандозӣ дар атрофи шаҳри Тулуза даст зада, се сарбоз ва се кӯдаку раббии яҳудиро куштааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки ин куштор интиқом барои амалкарди сарбозони фаронсавӣ дар Афғонистон ва қатли кӯдакони фаластинӣ дар низоъ бо Исроил аст. Мераҳ гуфт, бо ал-Қоида робита дошта, дар Афғонистон ва Покистон таълим гирифтааст.