Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳаво рӯ ба гармӣ мениҳад


Осмон дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон имрӯз нимаабрӣ буда, борише пешбинӣ намешавад. Ҳаво дар Душанбе ва водиҳои кишвар рӯ ба гармӣ мениҳад. Навоҳии вилояти Хатлон рӯзона то 17 дараҷаи Селтсия гарм мешавад. Гармӣ дар вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ 16, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Ҳамзамон ин гармӣ дар кӯҳдоманҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор (Ҳушёрӣ, Майхӯра, Анзоб) ва ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабаби тарма ё баҳман мешавад.
XS
SM
MD
LG