Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Имрӯз дар Душанбе расми гушоиши бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд. Барои бунёди ин бинои 9-қабата дар маркази пойтахт 40 миллион доллар масраф шудааст. Дар 45 000 метри мураббаъ масоҳати Китобхонаи миллӣ 40 толори мутолиа ва 22 анбор барои 10 миллион китоб ҷой гирифтаанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки 4 сентябри соли 2007 – рӯзи гузоштани хишти аввали Китобхонаи миллӣ – Рӯзи китоб эълон шавад. Феълан дар Тоҷикистон 1330 китобхона вуҷуд доштааст.
XS
SM
MD
LG