Ӯ бо вуҷуди он ки хеле кӯчак ба назар мерасад, аммо тавонистааст, ки тӯбро моҳирона бо пою сари худ ба бозӣ бигирад.
Ин навор "Мессӣ аз Тоҷикистон" (Месси из Таджикистана) ном дошта, ҳамагӣ як ҳафт боз дар шабакаи Ютюб давр мезанад. Он тавассути телефони ҳамроҳ наворбардорӣ шуда, ки сифати паст дорад.
Нафаре, ки ин видеоро дар Ютюб гузоштааст, навишта, ки навор ҳанӯз чаҳор моҳи қабл сабт шудааст. Аммо дар бораи кӣ ва аз куҷо будани ин навраси футболбоз иттилое надодааст. Яъне, дақиқ нест, ки ӯ куҷоист ва чанд сол дораду дар куҷо тамрин мекунад.
Як нафар дар пайи ин навор назари худро ин гуна баён доштааст: "Офарин! Масъулони Федератсияи футболи Тоҷикистон, ана, ба Шумо кадр. Кӣ бояд ӯро тарбия кунад? "Ситора"-и тайёр!"
Шумо ҳам нигоҳе ба ин навор андозед. Шояд ӯро бишносед ва бигӯед, ки воқен ин "Мессӣ"-и тоҷик аст ва дар куҷост.