Тибқи хабари телевизиони давлатии Сурия, рӯзи шанбе инфиҷори ду бам биноҳои амниятии ин кишварро дар Димишқ таккон дод. Дар ин ҳодиса 27 нафар кушта шудаанд ва тақрибан 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Инфиҷор маркази пулиси мубориза бо ҷурму ҷиноёт ва дафтари Хадамоти кашфи Сурияро таккон додааст. Бино ба хабарҳо, як мошини бамгузоришуда дар назди бино таркидааст. Дар чунин бамгузориҳо дар моҳи декабр ва январ даҳҳо нафар дар Сурия ба қатл расидаанд. Ин инфиҷорҳо дар ҳоле рух дод, ки ду рӯзи пеш ба оғози нооромиҳо дар Сурия як сол пур шуд.