Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тепловизор барои марзбонони тоҷик


Дар доираи барномаи назорат ва бехатарии марзҳо, сафорати ИМА дар Душанбе ба марзбонони тоҷик ду тепловизор тақдим намуд.

Тепловизор ё худ дастгоҳе, ки ҳузури инсонро дар фосила аз ҳарорати баданаш ташхис мекунад, ҳамакнун дар ихтиёри дидбонгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли убури инсон ва ҳар ҷондори дигар истифода бурда мешаванд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки то кунун ҳамчунин дастгoҳеро марзбонони Тоҷикистон дар ихтиёр надоштанд.

Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, ин дастгоҳ чӣ дар торикӣ ва чӣ дар рушноӣ ҳарорати бадани инсонро дар фосила эҳсос мекунад ва ҷилавгирӣ аз ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар хати марзро осон менамояд.

Хушнуд Раҳматуллоев мегӯяд, ки сафорати Амрико ҳамчунин ҷавшану либосҳои гарм барои гурӯҳҳои зудамал кӯмак кардааст, ки дар фасли сармо метавонанд дар шароити кӯҳсор фаъолият намоянд.

Маблағи ин кӯмакҳо дар маҷмӯъ 118 ҳазор долларро дар бар мегирад. Аз соли 1992 ба ин сӯ кӯмакҳои Амрико дар ин бахш даҳҳо миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG