Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мақомоти Русияро дар истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ алайҳи ширкатдорони намоишҳои эътирозии рӯзи 5 март дар майдони Пушкин ва рӯзи 10 март дар хиёбони Арбати нави Маскав ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Петербург ва Нижний Новгород айбдор кард.
Дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқи башар гуфта шудааст, истифода аз зӯроварӣ метавонад дастовардҳои се моҳи ахирро, ки намоишҳои мухолифин бо ҳамоҳангии ҳукумат ва бидуни моҷаро бо полис гузаштанд, аз байн бубарад.
Ҳю Вилямсон, раиси Human Rights Watch дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, изҳор намуд, ки “мақомот дар асл намоишгарони осоиштаро барои поймол кардани меъёрҳои мавҷуда таҳрик медиҳанд”.