Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷануби Фаронса се сарбозро куштанд


Дар ҷануби Фаронса куштори се низомӣ таҳқиқ мешавад. Ба иттилои полис, як марди ношиноси савори мотосикл сӯи сарбозони полки мустақар дар шаҳри Монтобан оташ кушод ва фирор кард.

Ду сарбоз дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд, сеюмӣ дар бемористон ҷон дод. Ангезаи ҳамла ва шахсияти ҳамлагар номаълум боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG