Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори вазири Русия ба кормандони пулис


Рашид Нургалиев
Рашид Нургалиев
Рашид Нуралиев-вазири корҳои дохилаи Русия раиси пулиси яке аз шӯъбаҳои шаҳри Қазонро аз мақомаш барканор кард. Афсарони пулиси ин шаҳр баъд аз боздошти Сергей Назарови 52 сола дар зиндон ба нишемани вай бутилка задаанд ва вай аз ин ҷароҳат даргузаштааст. Ин ҷиноят хашму ғазаби мардум ва мудофеони ҳуқуқи башарро барангехт ва онҳо тақозо карданд, ки раиси пулиси ҷумҳурии Тотористон аз мақом барканор шавад. Нуралиев гуфт:

“Касе, ки ба манофеи кори худ хиёнат кард, ба савганди худ хиёнат кард ва юниформи худро табоҳ сохт, ҳам барои вазорати корҳои дохила манфур аст ва ҳам барои коллективи кориаш. Вале қабл аз ҳама барои раҳбаронашон, ки барои чунин кор роҳ додаанд”.

Вазири корҳои дохилаи Русия мегӯяд, вай ба Асгат Сафаров-вазири корҳои Тотористон низ танбеҳ ё виговор эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG