Сарбози амрикое, ки бомдоди 11 март 16 сокини осоиштаи ду рустои Қандаҳорро куштааст, аз қаламрави Афғонистон берун бароварда шуд.
Як намояндаи вазорати дифои Амрико гуфт, ин тасмим бо машварати мақомоти додгоҳии низомӣ, ки парвандаи сарбозро тафтиш мекунанд, гирифта шудааст. Тибқи созиш миёни ИМА ва Афғонистон, парвандаи низомиёни амрикоӣ аз сӯи додгоҳҳои низомии худи кишвар таҳқиқ мешавад. Ва аммо парлумон ва ҷомеъаи Афғонистон талаб доранд, ки қотил дар Афғонистон муҷозот шавад.
Аз ин пештар Леон Панетта, вазири дифои ИМА, гуфта буд, ки агар айби сарбоз собит шавад, ӯ ба эъдом маҳкум хоҳад шуд.