Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Лавров аз мавзеъи Маскав дар Сурия


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар нишасти вузарои хориҷаи Лигаи Араб дар Қоҳира гуфт, Маскав “аз ягон режим ҳимоят намекунад.” Маскавро ба ҳимоят аз режими Сурия айбдор мекунанд, вале Лавров дар Қоҳира аз мавзеъи Маскав, ки муқобили фишорҳои афзояндаи байналмилалӣ алайҳи давлати раисиҷумҳури Сурия Башор аст, дифоъ кард. Русияву Чин моҳи гузашта ба қатъномаи Шӯрои Амният, ки ба таҳвили қудрат дар Сурия даъват мекард, вето гузоштанд. СММ мегӯяд, тайи як соли ошӯбҳои Сурия беш аз 7500 кас ҷон бохтаанд. Рӯзи 10 март Куфӣ Аннон – фиристодаи СММ ва Лигаи Араб – низ дар Димишқ бо Асад мулоқот мекунад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи ҷумъа аз низомиҳои Сурия даъват кард, болои мардум тир накушоянд. Рӯзи ҷумъа хабар расид, ки дастикам ду генерали артиши Сурия ба Туркия фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG