Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Русия дар мавриди шаҳрванди Тоҷикистон


Бино ба хабарҳои матбуоти Русия, ин кишвар ба додгоҳи Аврупо дар Страсбург посух додааст, ки дар бораи маҳали иқомати Савриддин Ҷӯраев-шаҳрванди Тоҷикистон маълумот надорад. Мудофеони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки вайро моҳи ноябри соли гузашта рабудаанд ва ба Тоҷикистон интиқол додаанд.

Додгоҳи Аврупо ва намояндагии СММ дар умури паноҳҷӯён дар Русия аз сарнавишти номаълуми шаҳрвандони Тоҷикистон Савриддин Ҷӯраев ва Сӯҳроб Қозиев изҳори нигаронӣ карда буданд. Ин ду нафар барои талоши ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон ва иртибот бо тундравҳои исломӣ муттаҳам дониста мешаванд. Дар сурати исботи ин иттиҳомот онҳо ба ҳабси абад маҳкум хоҳанд шуд.

Савриддин Ҷӯраев 27 сол дорад ва шаби 31 октябр ба 1 ноябри соли 2011 дар Маскав аз сӯи афроди ношинос, ки дар тан либоси ғайринизомӣ доштанд, рабуда шудааст. Мудофеони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки баъд аз як шабонарӯз вай ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.
XS
SM
MD
LG