Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Созандагони ватан" "Фейсбук"-и тоҷикии худро боз мекунанд


Созмони ҷавонони Ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократии Тоҷикистон эълон кардааст, ки шабакаи миллии интернетии худро роҳандозӣ мекунад, ки ба шабакаи “Фейсбук” шабоҳат хоҳад дошт. Ин созмон бо номи "Созандагони ватан" мегӯяд, тасмими мазкур дар мулоқот бо донишҷӯёни донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Таҳияи тарҳи ин шабака идома дорад ва он дар ояндаи наздик гушоиш меёбад. Адҳам Мирсаидов-раиси "Созандагони ватан" гуфтааст, тарҳи мазкур сармоягузорӣ мехоҳад ва ҳоло онҳо дар ҷустуҷӯи сармоягузор мебошанд.
XS
SM
MD
LG