Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати Беларус ба Прага наомад


Ҷумҳурии Чех таъйид кард, ки Беларус ҳайъаташро ба нишасти имрӯзаи вазирони хориҷаи узви барномаи Мушорикати шарқии ИА нафиристодааст. Ин дар пайи бад шудани равобити ИА бо Минск аст. Брюссел ҳафтае пеш ба далели таъқиби мухолифин алайҳи давлати худкомаи Аляксандр Лукашенка таҳримоти бештар ҷорӣ кард. Беларус дар посух аз сафирони ИА ва Лаҳистон хост, тарки ин кишвар кунанд. Беларус ва 5 кишвари дигари пасошӯравӣ – Украина, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова ва Гурҷистон - узви барномаи Мушорикати шарқианд.
XS
SM
MD
LG