Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Ӯш ҳизби шаҳрдор пирӯз шудааст


Дирӯз дар шаҳри Ӯши Қирғизистон интихоботи Шӯрои маҳаллии шаҳр баргузор шуд. Интихобкунандагон аз 700 номзад аз 7 ҳизби сиёсӣ бояд 45 нафар аъзои Шӯрои шаҳриро интихоб карданд. Дар интихобот 69 дарсади аҳолии қобили рай ширкат ҷустаанд. Тибқи гузоришҳо, ҳизби Мелис Мирзахметов-шаҳрдори Ӯш дар ин интихобот пирӯз шудааст.

Мақомоти интихоботӣ дирӯз гузориш доданд, ки мавориди ҷиддии нақзи муқаррароти интихоботӣ мушоҳида нашудааст. Дар шаҳри Ӯш ақалиятҳои узбактабор ба сар мебаранд ва дар моҳи июни соли 2010 ин шаҳр саҳнаи даргириҳои қавмии миёни қирғизҳову узбакҳо буд. Дар ин даргириҳо 450 нафар кушта шуданд. Рӯзи панҷшанбе ҳазорон нафар дар ин шаҳр ба тазоҳурот баромаданд ва хостори баргузории интихобти озоду одилона шуданд.
XS
SM
MD
LG