Дар натиҷаи инфиҷоре, ки дар як амбори аслиҳаву муҳимот дар Браззавили ҷумҳурии Конго рух додааст, шумораи кушташудагон ба 206 нафар расидааст ва мақомоти расмӣ мегӯянд, ки мумкин аст ин шумора афзоиш ёбад. Дар натиҷаи ин инфиҷор биноҳои атроф низ хароб шудаанд. Дидиер Ботсиндӣ-намояндаи дафтари раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, баъд аз фурӯ рехтани боми калисое дар шимоли ин шаҳр одамони зиёд дар зери бом мондаанд. Хонаҳои дигар низ ба ҳамин сон хароб шудаанд. Ин амбори аслиҳаву муҳимот дар наздикии манзили зисти раиси ҷумҳури ҷойгир аст, вале ҳангоми инифҷор раиси ҷумҳур дар хонааш набудааст.