Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷараёни интихоботи президентии Русия дар Тоҷикистон


Шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дар шаш ҳавзаи раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия ширкат мекунанд. Раҳбари бахши консулии Сафорати Русия дар Тоҷикистон Игор Лабузов ба хабарнигорон гуфтааст, қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, фармондеҳии пойгоҳи 201-и Русия, полк ё ғундҳои ин пойгоҳ дар Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, маркази дидбонии кайҳонии "Окно" дар Норак ва дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтаанд. Дар интихоботи Думаи Русия дар Тоҷикистон 7753 шаҳрванди Русия ширкат карданд. Русия дар Тоҷикистон калонтарин пойгоҳи ҳарбияш дар ҷаҳонро дорад ва бахше аз сокинони Тоҷикистон соҳиби душаҳрвандиянд.
XS
SM
MD
LG