Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳо ҷасадҳои Колвин ва Очликро гирифтанд


Дипломатҳо дар Димишқ ҷасади журналисти амрикоӣ Мария Колвин ва суратгири фаронсавӣ Ремӣ Очликро, ки моҳи гузашта дар ҷараёни гулӯлаборони маҳаллаи Бобо Амруи шаҳри Ҳумс аз тарафи нерӯҳои вафодор ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад кушта шуданд, соҳибӣ карданд. Намояндаи сафорати Лаҳистон дар Сурия, ки умури Иёлоти Муттаҳидаро низ дар дӯш дорад, ҷасади Колвин ва сафири Фаронса Эрик Шевалйе ҷасади Очликро аз сардхонаи бемористони Донишгоҳи Ал-Асад дар Димишқ гирифтаанд. Ҷасадҳоро ба ин ҷо мақомоти давлатии Сурия интиқол додаанд.
XS
SM
MD
LG