Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон шартҳои эҳёи равобит бо Русияро эълон кард


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михел Саакашвилӣ гуфт, шартҳои Русияро барои эҳёи равобити дипломатӣ бо Гурҷистон намепазирад. Вай гуфт, барои чунин эҳё Русия нахуст бояд эътироф кунад, ки Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ бахше аз Гурҷистонанд. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, Маскав хостори таҳкими робита миёни мардумони ду кишвар аст. Саакашвилӣ рӯзи 28-уми феврал ба аҳолии Русия сафари бидуни раводид ба кишварашро пешниҳод карда буд. Қаблан, Маскав гуфта буд, то замоне ки Саакашвилӣ дар сари қудрат аст, бо Тифлис муносибатҳои дипломатӣ нахоҳад дошт. Ин муносибатҳо баъд аз ҷанги ду кишвар дар соли 2008 қатъ гаштаанд.
XS
SM
MD
LG