Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи ду хабарнигори ғарбӣ аз Бобо Амрӯ


Эдит Бовйе
Эдит Бовйе
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфт, ду хабарнигори дар Сурия бандмонда ба Лубнон расидаанд. Эдит Бовйе ва Вилям Дениэлс дар минтақаи ошӯбзадаи Бобо Амрӯи Ҳумс, ки як моҳ боз дар муҳосира қарор дошт, дармонда буданд. Бовйе ҳафтае пеш аз тирборони нирӯҳои давлатии Сурия, ки ду хабарнигори ғарбиро кушт, ҷароҳат бардошт. Дирӯз чирикиҳо эълон карданд, ки ба маҳзи камбуди силоҳ ва вазъи тоқатфарсои мардум аз Бобо Амрӯ “ақибнишинии тактикӣ” мекунанд. Ба дунбол, давлати Башор Асад ба Салиби Сурх иҷозат дод, аз рӯзи ҷумъа барои ироаи кумакҳои оҷил вориди Ҳумс шавад.
Бо ин ҳол, Шӯрои Амнияти СММ аз сарпечии Сурия барои ироаи иҷозати сафар ба раҳбари барномаҳои башарии ин созмон Валерӣ Амос изҳори “таассуфи амиқ” кардаанд.
XS
SM
MD
LG