Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гузориш додааст, ки дар ин тазоҳурот 10 000 нафар ширкат кардаанд ва гуфтаанд, ки аз Мелис Мирзахматов, шаҳрдори Ӯш ҷонибдорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори мазакур дар миллатгароӣ муттаҳам мешавад. Ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозӣ аз Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон интиқод кардаанд, ки гӯё ба шаҳрдори Ӯш фишор меоварад.
Мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки дар остонаи ин тазоҳуроти эътирозӣ дар Ӯш ва атрофи он тадобири амниятӣ тақвият ёфта буд. Дар ин шаҳр 4-уми март интихоботи Маҷлиси маҳаллӣ баргузор мешавад ва сокинони шаҳр 45 нафар намояндагони Шӯрои шаҳриро интихоб мекунанд. Дар интихобот 8 ҳизби сиёсӣ ширкат хоҳанд кард.
Дар Ӯш ақаллиятҳои узбактабор ба сар мебаранд ва дар нооромиҳои соли 2010 ин шаҳр саҳнаи даргириҳои қавмии миёни қирғизҳо ва узбакҳо табдил ёфта буд. Дар даргириҳо тақрибан 450 нафар кушта, ҳазорон адад хона ва биноҳои маъмурӣ хароб шуданд.