Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қуба суханони шаҳрдор сабаби нооромӣ шуд


Дар шаҳри Қуба воқеъ дар шимоли Озарбойҷон тазоҳуроти эътрозӣ барои истеъфои Рауф Ҳабибов-раҳбари маҳаллӣ ба задухӯрд табдил ёфт. Пулис бар зидди тазрҳуркунандагон аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кард, то тазоҳуротро пароканда кунад.

Гузоришҳо ҳокист, ки 4 нафар дар ин задухӯрд ҷароҳат бардоштаанд. 3 нафари онҳо кормандони пулис ва як нафар ширкаткунадаи тазоҳурот будаанд. Барои ба назорат даровардани вазъ воҳидҳои вижаи вазорати дохилӣ ба минтақа фиристода шудаанд.

Сабаби норизоятии мардум суханони шаҳрдор Ҳабибов будааст, ки сокинони маҳаллиро “хиёнаткор” ном бурд ва гуфт, онҳо заминҳои худро ба 30 манат, яъне ба 40 доллар мефурӯшанд. Дар ҷараёни тазоҳурот ширкаткунандагон хонаи шаҳрдорро барои ин суханонаш оташ задаанд.
XS
SM
MD
LG